Бо Рӯйи Ту Куфр Аст Ба Маънӣ Нигаридан – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Бо рӯйи ту куфр аст ба маънӣ нигаридан,
Ё боғи сафоро ба яке турра харидан!
Бо парри ту мурғони замири дили моро
Дар ҷаннати фирдавс ҳаром аст паридан!
Андар фалаки ишқ ҳар он маҳ, ки битобад,
Он абри ту аст, ай маҳу фарз аст даридан!
Даште, ки чарогоҳи шикорони ту бошад,
Шерон бинаёранд дар он дашт чаридан!
Ҳар ишқ, ки аз оташи ишқи ту бихезад,
Он ишқ ҳаром асту салои фусаридан!
Дар ботини ман ҷони ман аз ғайри ту бибрид,
Маҳсус шунидам ман овози буридан.
Дар хоб шавад ғофил аз ин давлати бедор,
Аз пӯст чӣ шира бувадат дар фашуридан?!
Ранҷури шақоват чу бияфтод ба Ёсин.
Лоҳавл бувад чораву ангушт газидан!
Ҷуз ишқи худованд – Шамсулҳақи Табрез,
Он мӯйи басар бошад, бояд сутуридан!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.