Бо Он Сабукрӯҳии Гул В-Он Лутфи Шаҳбарги Суман – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Бо он сабукрӯҳии гул в-он лутфи шаҳбарги суман,
Чун ӯ бибинад рӯйи ту, ҳар барги ӯ гардад се ман!
Ай гулшани ту зиндагӣ в-ай захми ту фархундагӣ,
В-ай бандаатро бандагӣ биҳтар зи мулки анҷуман!
Гуфтӣ, ки ҷон бахшам туро, не-не, бигӯ, бикшам туро,
То зиндайӣ, бошам туро чун шамъ дар гарданзадан!
Зоҳид чӣ ҷӯяд раҳми ту, ошиқ чӣ ҷӯяд захми ту?!
Он мурдаи андар қабо в-ин зиндаи андар кафан!
Он дар халоси ҷон давад в-ин ишқро қурбон шавад,
Он сар ниҳад, то ҷон барад в-ин хасми ҷони хештан!
Ай тофта дар ҷони ман чун офтоб андар ҳамал,
В-ай ман зи тоби рӯйи ту ҳамчун ақиқ андар Яман!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.