Бо Он Ки Мерасонӣ Он Бодаи Бақоро. – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Бо он ки мерасонӣ он бодаи бақоро.
Бе ту намегуворад ин ҷоми бода моро!
Мутриб, қадаҳ раҳо кун, з-ин гуна нолаҳо кун,
Ҷоно, яке баҳо кун он ҷинси бебаҳоро!
Он ишқи силсилатро в-он офати дилатро,
Он чоҳи Бобилатро в-он кони сиҳрҳоро!
Боз ор бори дигар, то кори мо шавад зар,
Аз сар бигир, аз сар, он одати вафоро!
Деви шақосиришта, аз лутфи ту фаришта,
Туғрои ту набишта мар мулкати сафоро!
Дар нурат, ай гузида, ай бар фалак расида,
Ман дамбадам бидида анвори Мустафоро!
Чун баста гашт роҳе, шуд ҳосили ман оҳе,
Шуд кӯҳ ҳамчу коҳе аз ишқ каҳраборо!
Аз Шамси дини чун маҳ Табрез ҳаст огаҳ,
Бишнав дуъову гаҳ – гаҳ омин кун ин дуъоро!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.