Бо Муддаӣ Магӯед Асрори Ишқу Мастӣ,

Бо муддаӣ магӯед асрори ишқу мастӣ,
То бехабар бимирад, дар дарди худпарастӣ.
Ошиқ шав, ар на рӯзе, кори ҷаҳон сарояд,
Нохонда нақши мақсуд аз коргоҳи ҳастӣ
Дӯш он санам чӣ хуш гуфт дар маҷлиси муғонак
«Бо кофирон чӣ корат, гар бут намепарастӣ?»
Султони ман, худоро, зулфат шикаст моро,
То кай кунад сиёҳе чандин дароздастӣ?
Дар гӯшаи саломат мастур чун тавон буд,
То наргиси ту бо мо гӯяд рамузи мастӣ?
Он рӯз дида будам, ин фитнаҳо, ки бархост,
К-аз саркашӣ замоне бо мо наменишастӣ.
Ишқат ба дасти тӯфон хоҳад супурд, Хофиз,
Чун барқ аз ин кашокаш пиндоштӣ, ки частӣ?
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.