Боғи Маро Чӣ Ҳоҷати Сарву Санавбар Аст

Боғи маро чӣ ҳоҷати сарву санавбар аст
Шамшоди хонапарвари мо аз кӣ камтар аст?
Эй нозанин санам, ту чӣ мазҳаб гирифтаӣ,
К-ат хуни мо ҳалолтар аз шири модар аст?
Чун нақши ғам зи дур бибинӣ, шароб хоҳ
Ташхис кардаему мудово муқаррар аст.
Як қисса беш нест ғами ишқу ин аҷаб,
К-аз ҳар забон, ки мешунавам, номукаррар аст.
Дӣ ваъда дод васламу дар сар шароб дошт,
Имрӯз то чӣ гӯяду бозаш чӣ дар сар аст?
Шерозу оби Рукниву он боди хушнасим,
Айбаш макун, ки холи рухи ҳафт кишвар аст.
Фарқ аст аз оби Хизр, ки зулмот ҷои ӯст,
То оби мо, ки манбааш «Аллоҳуакбар» аст.
Мо обрӯи фақру қаноат намебарем,
Бо подшаҳ бигӯй, ки рӯзӣ муқаддар аст.
Ҳофиз, чӣ турфа шохи наботест килки ту,
К-аш мева дилпазиртар аз шаҳду шаккар аст?
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.