Боғбон Гар Панҷ Рӯзе Сӯҳбати Гул Боядаш,

Боғбон гар панҷ рӯзе сӯҳбати гул боядаш,
Бар ҷафои хори ҳиҷрон сабри булбул боядаш.
Эй дил андар банди зулфаш аз парешонӣ манол,
Мурғи зирак чун ба дом афтад, таҳаммул боядаш.
Ринди оламсӯзро бо маслиҳатбинӣ чӣ кор?
Кори мулк аст он, ки тадбиру тааммул боядаш,
Такя бар тақвиву дониш дар тариқат кофирист,
Роҳрав гар сад ҳунар дорад, таваққул боядаш.
Бо чунин зулфу рухаш бодо назарбозӣ ҳаром,
Ҳар кӣ рӯи ёсамину ҷаъди сунбул боядаш.
Нозҳо з-он наргиси мастонааш бояд кашид,
Ин дили шӯрида то он ҷаъди кокул боядаш.
Соқиё, дар гардиши соғар тааллул то ба чанд?
Давр чун бо ошиқон афтад, тасалсул боядаш!
Кист, Ҳофиз, то нанӯшад бода бе овози рӯд,
Ошиқи мискин чаро чандин таҷаммул боядаш?
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.