Бори Дигар Омадем То Шавад Иқбол Шод – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Бори дигар омадем, то шавад иқбол шод,
Давлат бори дигар дар рухи мо рӯ кушод!
Сурма кашид ин ҷаҳон боз зи дидори мо,
Гашт ҷаҳон тозарӯй, чашми бадаш дур бод!
Ишқ зи занҷири хеш ҷасту хирадро гирифт,
Ақл зи дастони ишқ нолакунон дод дод!
Марями ишқи қадим зод Масеҳо, аҷаб,
Дод наёбад хирад, чунки чунин фитна зод!
Боз дусад қурси маҳ бар сари он хон шикаст,
Дил чу чунин хон бидид, пой ба хун дарниҳод!
Давлат биштофтаст, чун назарат ёфтаст,
То ки бақо ёфтаст ошиқи кавну фасод!
Мафхари табрезиён, Шамси Ҳақ, ай хушнишон,
Олам, ай шоҳи ҷон, бе рухи хубат мабод!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.