Бомдодон, Ки Зи Хилватгаҳи Кохи Ибдоъ,

Бомдодон, ки зи хилватгаҳи кохи ибдоъ,
Шамъи ховар фиганад бар ҳама атроф шуоъ.
Баркашад оина аз ҷайби уфуқ чарху дар он
Бинамояд рухи гетӣ ба ҳазорон анвоъ.
Дар завоёи тарабхонаи Ҷамшеди фалак
Арғунун соз кунад Зӯҳра ба оҳанги самоъ.
Ҷанг дар ғулғула ояд, ки куҷо шуд мункир?
Ҷом дар қаҳқаҳа ояд, ки куҷо шуд манноъ?
Вазъи даврон бинигар, соғари ишрат баргир,
Ки ба ҳар ҳолате ин аст беҳиин авзоъ.
Турраи шоҳиди дунё ҳама банд асту фиреб,
Орифон бар сари ин ришта наҷӯянд низоъ.
Умри Хусрав талаб, ар нафъи ҷаҳон мехоҳӣ,
Ки вуҷудест атобахши карими наффоъ.
Мазҳари лутфи азал равшании чашми амал.
Ҷомеи илму амал, ҷони ҷаҳон шоҳ Шуҷоъ.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.