Бозой, Соқиё, Ки Ҳавохоҳи Хидматам,

Бозой, соқиё, ки ҳавохоҳи хидматам,
Муштоқи бандагиву дуогӯи давлатам.
3-он ҷо, ки файзи ҷоми саодатфурӯғи туст,
Берун шудӣ, намой зи зулмоти ҳайратам.
Ҳарчанд ғарқи баҳри гуноҳам зи сад ҷиҳат,
То ошнои ишқ шудам, з-аҳли раҳматам.
Айбам макун ба риндиву бадномӣ, эй ҳақим,
К-ин буд сарнавишт зи девони қисматам.
Май хӯр, ки ошиқӣ на ба касб асту ихтиёр,
Ин мавҳибат расид зи мероси фитратам.
Ман, к-аз ватан сафар нагузидам ба умри хеш,
Дар ишқи дидани ту ҳавохоҳи ғурбатам.
Дарёву кӯҳ дар раҳу ман хаставу заиф,
Эй Хизри пайҳуҷаста, мадад кун ба ҳимматам!
Дурам ба сурат аз дари давлатсарои ту,
Лекин ба ҷону дил зи муқимони ҳазратам.
Ҳофиз ба пеши чашми ту хоҳад супурд ҷон,
Дар ин хаёлам, ар бидиҳад умр мӯҳлатам.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.