Биҷӯшед Биҷӯшед Ки Мо Баҳри Шиъорем – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Биҷӯшед, биҷӯшед, ки мо баҳри шиъорем,
Ба ҷуз ишқ, ба ҷуз ишқ, дигар кор надорем!
Дар ин хок, дар ин хок, дар ин мазраъаи пок,
Ба ҷуз миҳр, ба ҷуз ишқ дигар тухм накорем!
Чи мастем, чи мастем аз он шоҳ, ки ҳастем!
Биёед, биёед, ки то даст барорем!
Чи донем, чи донем, ки мо дӯш чи хӯрдем?
Ки имрӯз ҳама рӯз хамирему хуморем!
Мапурсед, мапурсед зи аҳволи ҳақиқат,
Ки мо бодапарастем, на паймонашуморем!
Шумо маст нагаштед в-аз он бода нахӯрдед,
Чи донед, чи донед, ки мо дар чи шикорем?!
Наяфтем бар ин хокситон, мо на ҳасирем,
Бароем бар ин чарх, ки мо марди ҳисорем!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.