Биё Соқӣ Майи Моро Бигардон – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Биё, соқӣ, майи моро бигардон,
Бад-он май ин қазоҳоро бигардон!
Қазо, хоҳӣ, ки аз боло бигардад,
Шароби поки болоро бигардон!
Замине худ кӣ бошад бо ғубораш?!
Замину чарху дарёро бигардон!
Наяндешам дигар з-ин хурда савдо,
Биё, дарёи савдоро бигардон!
Агар ман маҳрами соғар набошам,
Маро ло гиру иллоро бигардон!
Агар каж рафт ин дилҳо зи мастӣ,
Дили бедасту бепоро бигардон!
Шаробе диҳ, ки андар ҷо нагунҷам,
Чу фармудӣ маро: “Ҷоро бигардон!”.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.