Биё Мо Чанд Кас Бо Ҳам Бисозем – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Биё, мо чанд кас бо ҳам бисозем,
Чу шодӣ кам шавад, бо ғам бисозем!
Биё, то бо Худо хилват гузинем,
Чу Исо бо чунин Марям бисозем!
Гар аз фарзанди Одам кас намонад,
Чи ғам дорем, бо Одам бисозем!
В-ар Одам низ аз мо гӯша гирад,
Ба ҷони ту, ки бе ӯ ҳам бисозем!
Яке ҷо нест моро шодиангез,
Ки гар вайрон шавад, олам бисозем!
Агар дарё шавад оташ, бинӯшем,
В-агар захме расад, марҳам бисозем!
Ба пеши Каъбаи рӯяш бимирем,
Бад-он чоҳу бад-он Замзам бисозем!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.