Биё К-Имрӯз Гирди Ёр Гардем – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Биё, к-имрӯз гирди ёр гардем,
Ба сар гардему чун паргор гардем!
Биё, к-имрӯз гирди худ бигардем,
На гирди хонаи хаммор гардем!
Магӯ бо мо, ки мо девонагонем,
Бар оташҳои безинҳор гардем!
Сабук гардем чун боди баҳорӣ,
Ҳарифи сабзаву гулзор гардем!
Чаро чун гӯш ҷумла бод гирем?!
Чаро чун муш дар анбор гардем?!
Дар он табла шакар пур кард аттор,
Ба гирди таблаи аттор гардем!
Чу сурма хидмати дида гузинем,
Чу дида ҷумлагӣ дидор гардем!
:: ADVERTISEMENTS ::
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.