Биё К-Имрӯз Берун Аз Ҷаҳонам – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Биё, к-имрӯз берун аз ҷаҳонам,
Биё, к-имрӯз ман аз худ ниҳонам!
Гирифтам дашнае в-аз худ буридам,
На они худ, на они дигаронам!
Ғалат кардам, набурридам ман аз худ,
Ки ин тадбир бе ман кард ҷонам!
Надонам, к-оташи дил бар чи сон аст,
Ки дигар шакл месӯзад забонам!
Ба сад сурат бидидам хештанро,
Ба ҳар сурат ҳамегуфтам: «Ман онам!».
Ҳамегуфтам: “Маро сад сурат омад,
Ва ё сурат наям, ман бенишонам!
Ки суратҳои дил чун меҳмонанд,
Ки меоянду ман чун хонабонам!”.
:: ADVERTISEMENTS ::
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.