Биё, Ки Қасри Амал Сахт Сустбунёд Аст,

Биё, ки қасри амал сахт сустбунёд аст,
Биёр бода, ки бунёди умр бар бод аст.
Ғуломи ҳиммати онам, ки зери чархи кабуд
Зи ҳар чӣ ранги тааллуқ пазирад, озод аст.
Чӣ гӯямат, кӣ ба майхона дӯш масту хароб
Сурӯши олами ғайбам чӣ муждаҳо додаст.
Ки: «Эй баландназар шоҳбози сидранишин,
Нишемани ту на ин кунҷи меҳнатобод аст.
Туро зи кунгураи арш мезананд сафир,
Надонамат, ки дар ин домгаҳ чӣ афтодаст?
Насиҳате кунамат, ёд гиру дар амал ор,
Ки ин ҳадис зи пири тариқатам ёд аст.
Ғами ҷаҳон махӯру панди ман мабар аз ёд,
Ки ин латифаи нағзам зи раҳраве ёд аст.
Ризо ба дода бидеҳ в-аз ҷабин гиреҳ бикушой,
Ки бар ману ту дари ихтиёр накшодаст.
Маҷӯ дурустии аҳд аз ҷаҳони сустниҳод,
Ки ин аҷуза арӯси ҳазор домод аст.
Нишони аҳду вафо нест дар табассуми гул,
Бинол, булбули бедил, ки ҷои фарёд аст.
Ҳасад чӣ мебарӣ, эй сустназм, бар Ҳофиз,
Қабули хотиру лутфи сухан Худодод аст.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.