Биё, Ки Турки Фалак Хони Рӯза Ғорат Кард,

Биё, ки турки фалак хони рӯза ғорат кард,
Ҳилоли ид ба даври қадаҳ ишорат кард.
Савоби рӯзаву ҳаҷҷи қабул он кас бурд,
Ки хоки майкадаи ишқро зиёрат кард.
Мақоми аслии мо гӯшаи харобот аст,
Худош хайр диҳод он, ки ин иморат кард.
Баҳои бодаи чун лаъл чист? Ҷавҳари ақл!
Биё, ки суд касе бурд, к-ин тиҷорат кард.
Намоз дар хами он абрувони меҳробӣ
Касе кунад, ки ба хуни ҷигар таҳорат кард.
Фиғон, ки наргиси ҷаммоши шайхи шаҳр имрӯз,
Назар ба дурдкашон аз сари ҳақорат кард.
Ба рӯи ёр назар кун, зи дида миннат дор,
Ки кордида назар аз сари басорат кард.
Ҳадиси ишқ зи Ҳофиз шунав, на аз воиз,
Агарчи санъати бисёр дар иборат кард.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.