Биё, Ки Рояти Мансури Подшоҳ Расид,

Биё, ки рояти Мансури подшоҳ расид,
Навиди фатҳу башорат ба меҳру моҳ расид.
Ҷамоли бахт зи рӯи зафар ниқоб андохт,
Камоли адл ба фарёди додхоҳ расид.
Сипеҳр даври хуш акнун кунад, ки моҳ омад,
Ҷаҳон ба коми дил акнун расад, ки шоҳ расид.
Зи қотиони тариқ он замон шаванд эмин
Қавофили дилу дониш, ки марди роҳ расид.
Азизи Миср ба рағми бародарони ғаюр
Зи қаъри чоҳ баромад, ба авҷи моҳ расид.
Куҷост сӯфии Даҷҷолфеъли мулҳидшакл?
Бигӯ бисӯз, ки Маҳдии динпаноҳ расид.
Сабо, бигӯ ки чиҳо бар сарам дар ин ғами ишқ
Зи оташи дили сӯзону дуди оҳ расид?
Зи шавқи рӯи ту, шоҳо, бад ин асири фироқ
Ҳамон расид, к-аз оташ ба барги коҳ расид.
Марав ба ҳоб, ки Ҳофиз ба боргоҳи қабул
Зи вирди ними шабу дарси субҳгоҳ расид.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.