Биё Бо Ҳам Сухан Аз Ҷон Бигӯем – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Биё, бо ҳам сухан аз ҷон бигӯем,
Зи гӯшу чашмҳо пинҳон бигӯем!
Чу гулшан бе лабу дандон бихандем,
Чу фикрат бе лабу дандон бигӯем!
Ба сони ақли аввал сирри олам,
Даҳон барбаста, то поён бигӯем!
Сухандонон чу мушриф бар даҳонанд,
Бурун аз хиргаҳи эшон бигӯем!
Касе бо худ сухан пайдо нагӯяд,
Агар ҷумла якем, он сон бигӯем!
Бидонад дасту по аз ҷунбиши дил,
Даҳон сокин, дил ҷунбон бигӯем!
Бидонад зарра-зарра амри тақдир,
Агар хоҳӣ, мисоли он бигӯем!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.