Биё Бо Мо Маварз Ин Кинадорӣ,

Биё бо мо маварз ин кинадорӣ,
Ки ҳаққи сӯҳбати дерина дорӣ.
Насиҳат гӯш кун, к-ин дур басе беҳ,
Аз он гавҳар, ки дар ганҷина дорӣ.
Валекин кай намой рух ба риндон
Ту, к-аз хуршеду маҳ оина дорӣ.
Бади риндон магӯ, эй шайху ҳуш дор,
Ки бо ҳукми худоӣ кина дорӣ.
Наметарсӣ зи оҳи оташинам,
Ту донӣ ҳирқаи пашмина дорӣ.
Ба фарёди хумори муфлисон рас,
Худоро, гар маи дӯшина дорӣ.
Надидам хуштар аз шеъри ту, Ҳофиз,
Ба Куръоне, ки андар сина дорӣ.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.