Биё Бишнав Ки Ман Пешу Паси Аспат Чаро Гардам – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Биё, бишнав, ки ман пешу паси аспат чаро гардам!
Азеро наъли асбатро ба ҳангоми чаро гардам!
Амонӣ аз надам додӣ, на лофидӣ, на дам додӣ,
Зиҳӣ Исои дамфардам, зиҳӣ бокарру бофар дам!
Чу дахлам аз лабе додӣ, ки пок омад зи бедодӣ,
Кӣ донад вусъати харҷам, куҷо гаштаст ҳар хар Ҷам?!
Чу дидам доду ҷуди ту, шудам маҳви вуҷуди ту,
Яке ранге баровардам, ки, гӯйӣ, боғро вардам!
Ту Довуди ҷавонмардӣ, имоми қаддируссардӣ,
Чу ман маҳсуни он сардам, бурун аз гарму аз сардам!
Чу акси ҷайши ҳусни ту тарод овард бар нақшам,
Бурун ҷастам зи фикрат ман, на дар аксам, на дар тардам!
Хамуш кун, к-андар ин водӣ шаробе буд ҷовиде,
Рувоқу дурди ӯ хӯрдам, ки ҳарду буд дархурдам!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.