Биёр Мутриб Бар Мо Карим Бош Карим – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Биёр, мутриб, бар мо карим бош, карим,
Ба кӯйи хастадилонӣ, раҳим бош, раҳим!
Дилам чу оташ чун дар даме шавад зинда?!
Чу дил мабош мусофир, муқим бош, муқим!
Биёмад оташу бар роҳи ошиқон бинишаст,
Ки ай мусофири ин раҳ, ятим бош, ятим!
Нидо расид ба оташ, ки бар ҳама ушшоқ
Чу шуълаҳои халилӣ наъим бош, наъим!
Гилем аз об чу хоҳӣ, ки то бурун орӣ,
Ба зери пойи азизон гилем бош, гилем!
Чу боядат, ки туро баҳр доявор бувад,
Мисоли дона дар ӯ рав, ятим бош, ятим!
Дурусту рост шуд, ай дил, ки дар ҳаво дилро
Дуруст рост наёяд, дуним бош, дуним!
Алиф мабош зи абҷад, ки саркашӣ дорад,
Мабош беи дусар ту, чу ҷим бош, чу ҷим!
:: ADVERTISEMENTS ::
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.