Биёмадем Дигар Бор Чун Насими Баҳор – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Биёмадем дигар бор чун насими баҳор,
Баромадем чу хуршед бо сад истизҳор!
Чу офтоби тамузем рағми фасли аҷуз
Фиканда ғулғулу шодӣ миёнаи гулзор!
Ҳазор фохта ҷӯёни мо, ки ку ку – ку?!
Ҳазор булбулу тӯтӣ ба сӯйи мо тайёр!
Ба моҳиён хабари мо расид дар дарё,
Ҳазор мавҷ баровард ҷӯши дарёбор!
Ба зоти поки Худое, ки гӯшу ҳуш диҳад,
Ки дар ҷаҳон нагузорем як хирад ҳушёр!
Ба Мустафову ба ҳар чор ёри фозили ӯ,
Ки панҷ навбати мо мезананд дар асрор!
Биёмадем зи Мисру дусад қатор шакар,
Ту ҳеч кор макун, ҷуз ки найшакар мафшор!
Наботи Миср чи ҳоҷат, ки Шамси Табрезӣ
Дусад набот бирезад зи лафзи шаккарбор?!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.