Бирав, Эй Зоҳиду Даъват Макунам Сӯйи Биҳишт,

Бирав, эй зоҳиду даъват макунам сӯйи биҳишт,
Ки Худо дар азал аз баҳри биҳиштам бисиришт,
Туву тасбеҳу мусаллову раҳи зӯҳду салоҳ,
Ману майхонаву зуннору раҳи дайру куништ.
Манъам аз май макун, эй сӯфии софӣ, ки ҳақим
Дар азал тинати моро ба маи ноб сиришт.
Сӯфии софи биҳиштӣ набувад ҳар кӣ чу ман,
Хирқа дар майкадаҳо дар гарави бода наҳишт.
Роҳат аз айши биҳишту лаби ҳураш набувад,
Ҳар кӣ ӯ домани дилдори худ аз даст биҳишт.
Як ҷав аз хирмани ҳастӣ натавонад бардошт,
Ҳар кӣ дар мулки фано дар раҳи ҳақ дона накишт.
Ҳофизо, лутфи ҳақ ар бо ту иноят дорад,
Бош фориғ зи ғами дӯзаху шодии биҳишт.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.