Бирав Ба Кори Худ, Эй Воиз, Ин Чӣ Фарёд Аст

Бирав ба кори худ, эй воиз, ин чӣ фарёд аст
Маро фитод дил аз раҳ, туро чӣ афтодаст?
Миёни ӯ, ки Худо офарида аст аз ҳеҷ,
Дақиқаест, ки ҳеҷ офарида накшодаст.
Ба ком то нарасонад маро лабаш, чун ной,
Насиҳати ҳама олам ба гӯши ман бод аст.
Гадои кӯи ту аз ҳашт хулд мустағнист,
Асири ишқи ту аз ҳар ду олам озод аст.
Агарчи мастии ишқам хароб кард, вале
Асоси ҳастии ман з-он хароб обод аст.
Дило, манол зи бедоду ҷаври ёр, ки ёр
Туро насиб ҳамин карду ин аз он дод аст.
Бирав, фасона махону фусун мадам, Ҳофиз,
К-аз ин фасонаву афсун маро басе ёд аст.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.