Бимиред Бимиред Дар Ин Ишқ Бимиред – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Бимиред, бимиред, дар ин ишқ бимиред,
Дар ин ишқ чу мурдед, ҳама рӯҳ пазиред!
Бимиред, бимиред в-аз ин марг матарсед,
К-аз ин хок бароед, самовот бигиред!
Бимиред, бимиред в-аз ин нафс бибурред,
Ки ин нафс чу банд асту шумо ҳамчу асиред!
Яке теша бигиред пайи ҳифраи зиндон,
Чу зиндон бишикастед, ҳама шоҳу амиред!
Бимиред, бимиред ба пеши шаҳи зебо,
Бари шоҳ чу мурдед, ҳама шоҳу шаҳиред!
Бимиред, бимиред в-аз ин абр бароед,
Чу з-ин абр бароед, ҳама бадри муниред!
Хамӯшед, хамӯшед, хамӯшӣ дами марг аст,
Ҳам аз зиндагист ин-к зи хомӯш нафиред!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.