Бикаш Бикаш Ки Чи Хуш Мекашӣ Биёр Биёр – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Бикаш, бикаш, ки чи хуш мекашӣ, биёр, биёр,
Ҳазиматони раҳи ишқро қатор-қатор!
Канор боз кушодаст ишқ аз мастӣ,
Расид дилшудагонро гаҳи канор-канор!
Зи дасти хеш аз он соғаре, ки медонӣ,
Агарчи нек харобам, биё, биёр, биёр!
Қарори давлати ӯ хоҳу аз қарор мапурс,
Ки нест аз рухи ӯ дар дилам қарор, қарор!
Нигор кардани чун ашк бар рухи ошиқ
Ҳаловатест дар он рӯ, ки зад нигор нигор!
Аё касе, ки дарафтодайӣ ба чанголаш,
Зи чанги дӯст раҳидан тамаъ мадор, мадор!
Ту хун будиву зи ишқаш чу шир ҷӯшидӣ,
Чу шир хун нашавад, ту аз ин гузор гузор!
Бирав, ба бодаи махдум – Шамси дин омез,
Ки нест бодаи Табрезро хумор, хумор!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.