Бизан Он Пардаи Нӯшин Ки Ман Аз Нӯши Ту Мастам – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Бизан он пардаи нӯшин, ки ман аз нӯши ту мастам,
Бидиҳ, ай Ҳотами мастон, қадаҳи зафт ба дастам!
Ҳала, ай сардиҳи мастон, ба ғазаб рӯй магардон,
Ки ман аз арбада ногаҳ қадаҳе чанд шикастам!
Чи кам ояд қадаҳ онро, ки диҳад бист сабӯкаш,
Бишикан шишаи ҳастӣ, ки чу ту нестпарастам!
Ту мапурсам, ки кийӣ, ту, бидиҳ он соғари шашсӯ,
Чу шудам маст, бибинӣ, чи касастам, чи касастам!
Чу ман аз бодапарастӣ шудаам ғарқаи мастӣ,
Дигарам хира чӣ ҷуйӣ, ки ман аз ҷӯйи ту ҷастам!
Бидиҳ, ай хоҷаи бобо, макун имрӯз муҳобо,
Ки раги ғусса буридам, зи ғаму ғусса бирастам!
Чу манам сояи ҳуснат, бикунам, он чи бикардӣ,
Чу бихӯрдӣ ту, бихӯрдам, чу нишастӣ ту, нишастам!
Манам он масти дуҳулзан, ки шудам маст ба майдон,
Дуҳули хеш чу парчам ба сари найза бибастам!
Хамуш, ар фонии роҳӣ, ки фано хомушӣ орад,
Чу раҳидем зи ҳастӣ, ту макаш боз ба ҳастам!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.