Бизан Он Пардаи Дӯшин Ки Ман Имрӯз Хамӯшам – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Бизан он пардаи дӯшин, ки ман имрӯз хамӯшам,
Зи тафи оташи ишқат мани дилсӯз хамӯшам!
Манам он боз, ки мастам, зи кулаҳ баста шудастам,
Зи кулаҳ чашмфарозам, зи кулаҳдӯз хамӯшам!
Зи нигори хуши пинҳон, зи яке оташи пинҳон
Чу дилафрӯхта гаштам, зи дилафрӯз хамӯшам!
Чу бидидам, ки даҳонам шуд ғаммози ниҳонам,
Сухани фош чи гӯям, ки зи мармуз хамӯшам!
Ба раҳи ишқи хаёлаш чу қаловузи ман омад,
Зи раҳаш гӯям, лекин зи қаловуз хамӯшам!
Зи ғам афрӯхта гаштам, ба ғам омӯхта гаштам,
Зи ғам ар нола барорам, зи ғамомӯз хамӯшам!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.