Бигӯ Ай Ёри Ҳамроз Ин Чи Шева-Ст – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Бигӯ, ай ёри ҳамроз, ин чи шева-ст!
Дигаргун гаштайӣ боз, ин чи шева-ст?
Аҷаб, ай турки хушранг, ин чи ранг аст?!
Аҷаб, ай чашми ғаммоз, ин чи шева-ст?!
Дигар бор ин чи дом асту чи дона-ст?!
Ки моро куштӣ аз ноз, ин чи шева-ст?!
Даридӣ пардаи мо, ин чи парда-ст?!
Яке парда барандоз, ин чи шева-ст?!
Манам он куҳнаишқе, ки дигар бор
Гирифтам ишқ аз оғоз, ин чи шева-ст?!
Мусалмонон, шумо ин шӯр бинед,
Ки мислаш нест ҳанбоз, ин чи шева-ст?!
Шаробу ишқу рангам ҳар се ғаммоз,
Яке пинҳон се ғаммоз, ин чи шева-ст?!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.