Бигрифт Кори Ҳуснат, Чун Ишқи Ман Камоле,

Бигрифт кори ҳуснат, чун ишқи ман камоле,
Хуш бош з-он, ки набвад ин ҳар дуро заволе.
Дар ваҳм менагунҷад, к-андар тасаввури ақл,
Ояд ба ҳеҷ маънӣ з-ин хубтар мисоле.
Шуд хатти умр ҳосил, гар з-он ки бо ту моро
Ҳаргиз ба умр рӯзе рӯзӣ шавад висоле.
Он дам, ки бо ту бошам, як сол ҳаст рӯзе,
В-он дам, ки бе ту бошам як лаҳза ҳаст соле.
Чун ман хаёли рӯят, ҷоно, ба хоб бинам,
К-аз хоб менабинад чашмам ба ҷуз хаёле.
Раҳм ор бар дили ман, к-аз меҳри рӯи хубат
Шуд шахси нотавонам борик чун ҳилоле,
Ҳофиз макун шикоят, гар васли дӯст хоҳӣ,
3-ин бештар бибояд бар ҳичрат эҳтимоле.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.