Бигзор, То Бигирям, Чун Абр Дар Баҳорон!

Бигзор, то бигирям, чун абр дар баҳорон!
К-аз санг нола хезад рӯзи видои ёрон!
Бо сорбон бигӯед аҳволи оби чашмам,
То бар шутур набандад маҳмил ба рӯзи борон.
Ҳар к-ӯ шароби фурқат рӯзе чашида бошад,
Донад, ки сахт бошад қатъи умедворон.
Бигзоштанд моро дар дида оби ҳасрат,
Гирён чу дар қиёмат чашми гуноҳгорон.
Чандон, ки баршумурдам аз моҷарои ишқат,
Андӯҳи дил нагуфтам, илло як аз ҳазорон.
Эй субҳи шабнишинон, ҷонам ба тоқат омад,
Азбаски дер мондӣ чун шоми рӯзадорон!
Саъдӣ, ба рӯзгорон меҳре нишаста бар дил,
Берун наметавон кард, илло ба рӯзгорон!
Чандат кунам ҳикоят, шарҳ ин қадар кифоят,
Боқӣ наметавон гуфт, илло ба ғамгусорон.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.