Бе Ҳамагон Ба Сар Шавад Бе Ту Ба Сар Намешавад – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Бе ҳамагон ба сар шавад, бе ту ба сар намешавад,
Доғи ту дорад ин дилам, ҷойи дигар намешавад!
Дидаи ақл масти ту, чархаи чарх пасти ту,
Гӯши тараб ба дасти ту, бе ту ба сар намешавад!
Ҷон зи ту ҷӯш мекунад, дил зи ту нӯш мекунад,
Ақл хурӯш мекунад, бе ту ба сар намешавад!
Хамри ману хумори ман, боғи ману баҳори ман,
Хоби ману қарори ман бе ту ба сар намешавад!
Ҷоҳу ҷалоли ман туйӣ, мулкату моли ман туйӣ,
Оби зулоли ман туйӣ, бе ту ба сар намешавад!
Гоҳ суйи вафо равӣ, гоҳ суйи ҷафо равӣ,
Они манӣ, куҷо равӣ?! Бе ту ба сар намешавад!
Дил биниҳанд, барканӣ, тавба кунанд, бишканӣ,
Ин ҳама худ ту мекунӣ, бе ту ба сар намешавад!
Бе ту агар ба сар шудӣ, зери ҷаҳон забар шудӣ,
Боғи Ирам сақар шудӣ, бе ту ба сар намешавад!
Гар ту сарӣ, қадам шавам, в-ар ту кафӣ, алам шавам,
В-ар биравӣ, адам шавам, бе ту ба сар намешавад!
Хоби маро бибастайӣ, нақши маро бишустайӣ,
В – аз ҳамаам гусастайӣ, бе ту ба сар намешавад!
Гар ту набошӣ ёри ман, гашт хароб кори ман,
Мӯнису ғамгусори ман, бе ту ба сар намешавад!
Бе ту на зиндагӣ хушам, бе ту на мурдагӣ хушам,
Сар зи ғами ту чун кашам?! Бе ту ба сар намешавад!
Ҳар чи бигӯям, ай санад, нест ҷудо зи неку бад,
Ҳам ту бигӯ ба лутфи х(в)ад, бе ту ба сар намешавад!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.