Бечора Касе Ки Май Надорад – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Бечора касе, ки май надорад,
Ғӯра ба салаф ҳамефишорад!
Бечора замин, ки шӯра бошад
В-ин абри карам бар ӯ наборад!
Боре, дили ман сабӯҳмаст аст,
Воми шаби дӯш мегузорад!
Гуфтам басабӯҳхуфтагонро:
“Помузди вам, ки сар барорад!”
Имрӯз гурехт шарм аз ман,
Ӯ бар кафи маст кай нигорад?!
Соқист гирифта гӯшам имрӯз,
Як лаҳза маро намегузорад!
Ҷоми чу асо-ш аждаҳо шуд,
Бар қибтие ақл мегуморад!
Хомушу бибин, ки хумми мастон
Чун ҷоми шариф месупорад!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.