Бедор Кун Тарабро Бар Ман Бизан Ту Х(В)Адро – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Бедор кун тарабро, бар ман бизан ту х(в)адро,
Чашме чунин бигардон кӯрии чашми бадро!
Худро бизан ту бар маҳ, ин аст зинда кардан,
Бар мурда зан чу Исо афсуни муътамадро!
Ай рӯят аз қамар биҳ, он рӯбарӯйи ман ниҳ,
То банда дида бошад сад давлати абадро!
Дар воқиъа бидидам, к-аз қанди ту чашидам,
Бо он нишон, ки гуфтӣ, ин бӯса номзадро!
Ҷони фаришта будӣ, ё Раб, чӣ гашта будӣ,
К-аз чиҳра менамудӣ ламяттахаз валадро!
Чун дасти ту кашидам, сурат дигар надидам,
Беҳушие бидидам, гум карда мар хирадро!
Ҷоми чу нор дардиҳ, бераҳмвор дардиҳ,
То гум шавам, надонам худрову неку бадро!
Ин бор ҷом пур кун, лекин тамом пур кун,
То чашм сер гардад, як сӯ ниҳад ҳасадро!
Дардиҳ майе зи боло, дар ло Илоҳа илло,
То Рӯҳ Илоҳ бинад, вайрон кунад ҷасадро!
Аз қолаби намудаш рафт ойинай хирад хуш,
Чандон ки хоҳӣ, акнун мезан ту ин намадро!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.