Ба Ҷидду Ҷаҳд Чу Коре Намеравад Аз Пеш,

Ба ҷидду ҷаҳд чу коре намеравад аз пеш,
Ба кирдигор раҳокарда беҳ масолеҳи хеш.
Ба подшоҳии олам фурӯ наёрад сар,
Агар зи сирри қаноат хабар шавад дарвеш.
Зи санги тафриқа хоҳӣ, ки мунҳанӣ нашавӣ,
Машав ба сони тарозу ту дар паи каму беш.
Риёи зоҳиди солус ҷони ман фарсуд,
Қадаҳ биёру бинеҳ марҳаме бар ин дили реш!
Бинӯш бода, ки қассоми сунъ қисмат кард,
Дар офариниш аз анвоъ нӯшдоруву неш.
Риё ҳалол шуморанду ҷоми бода ҳаром.
Зиҳӣ тариқату миллат, зиҳӣ шариату кеш!
Ба дилрабой агар худ саромадӣ, чӣ ачаб,
Ки нури ҳусни ту буд аз асоси олам беш.
Даҳони танги ту дилхоҳи ҷони Ҳофиз шуд,
Ба ҷон бувад хатарам з-ин дили муҳоландеш.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.