Ба Теғам Гар Кушад, Дасташ Нагирам

Ба теғам гар кушад, дасташ нагирам
В-агар тирам занад, миннатпазирам.
Камони абрӯятро, гӯ, бизан тир,
Ки пеши дасту бозуят бимирам!
Ғами гетӣ гар аз поям дарорад,
Ба ҷуз соғар кӣ бошад дастгирам?
Барой, эй офтоби субҳи уммед,
Ки дар дасти шаби ҳиҷрон асирам.
Ба фарёдам рас, эй пири харобот,
Ба як ҷуръа ҷавонам кун, ки пирам.
Ба гесӯи ту хӯрдам дӯш савганд,
Ки ман аз пои ту сар барнагирам.
Бисӯз ин хирқаи тақвӣ ту, Ҳофиз,
Ки гар оташ шавам, дар вай нагирам.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.