Ба Савти Булбулу Қумрӣ Агар Нанӯшӣ Май,

Ба савти булбулу қумрӣ агар нанӯшӣ май,
Илоҷ кай кунамат охир-ул-даво-ал кай?
Захирае бинеҳ аз рангу бӯи фасли баҳор,
Ки мерасанд зи пай раҳзанони баҳману дай.
Чу гул ниқоб барафганду мурғ зад ҳу-ҳу,
Манеҳ зи даст пиёла, чӣ мекунӣ ҳай-ҳай?
Шукӯҳи салтанату ҳусн кай суботе дошт,
Зи тахти Ҷам сухане мондаасту афсари Кай.
Хазинадории меросхорагон куфр аст,
Ба қавли мутрибу соқӣ, ба фатвии дафу най.
Замона ҳеҷ набахшад, ки бознастонад,
Маҷӯ зи сифла мурувват, ки шеаи лошай.
Навиштаанд бар айвонӣ ҷаннат-ул-маъво,
Ки ҳар кӣ ишваи дунё харид, вой ба вай!
Сахо намонд, сухан тай кунам, шароб куҷост?
Бидех ба шодии рӯҳу равони Ҳотами Тай.
Бахил бӯи худо нашнавад, биё, Ҳофиз,
Пиёла гиру карам варз, ваззамони алай.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.