Ба Вақти Гул Шудам Аз Тавбаи Шароб Хичил

Ба вақти гул шудам аз тавбаи шароб хичил
Ки кас мабод зи кирдори носавоб хиҷил!
Салоҳи мо ҳама доми раҳ асту ман з-ин баҳо.
Наям зи шоҳиду соқӣ ба ҳеҷ боб хиҷил.
Бувад, ки ёр наранҷад зи мо ба хулқи карим,
Ки аз суол малулему аз ҷавоб хиҷил.
Зи хун, ки рафт шаби дӯш дар сарочаи чашм,
Шудем дар назари раҳравони хоб хиҷил.
Равост наргиси маст, ар фиганд сар дар пеш,
Ки шуд зи шеваи он чашми пуритоб хиҷил.
Туӣ, ки хубтарӣ з-офтобу шукри худо,
Ки нестам зи ту дар рӯи офтоб хиҷил.
Ҳиҷоби зулмат аз он баст оби Хизр, ки гашт
Зи шеъри Ҳофизу он табъи ҳамчу об хиҷил.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.