Ба Боғ Булбул Аз Ин Пас Навои Мо Гӯяд – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ба боғ булбул аз ин пас навои мо гӯяд,
Ҳадиси ишқи шакаррези ҷонфазо гӯяд.
Агар зи ранги рухи ёри мо хабар дорад,
Зи лолазору зи насрину гул чаро гӯяд?!
Зи роҳи ғайрат гӯяд, ки то бипӯшонад,
Раҳо кунад сари чашма, ҳадиси по гӯяд!
Ки пора-пора, батадриҷ, зарра куҳ гардад,
Фано шавад куҳ, агар тунду барвило гӯяд!
Куҳе, ки зарра бувад пеши ӯ дусад куҳи Қоф,
Давон-давон шавад он дам, ки ӯ биё гӯяд.
Чу гӯши кӯҳ шунид он биёи фаррухи ӯ,
Ба сар биёяду лаббайкро дуто гӯяд!
Ба ҳаққи гулшани иқбол, к-андар ӯ мастӣ,
Чу гул Хамӯш, ки то булбулат сано гӯяд!
:: ADVERTISEMENTS ::
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.