Бар Сари Кӯйи Ту Ақл Аз Сари Ҷон Бархезад – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Бар сари кӯйи ту ақл аз сари ҷон бархезад,
Хуштар аз ҷон чӣ бувад?! Аз сари он бархезад!
Бар ҳисори фалак ар хубии ту ҳамла барад,
Аз муқимони фалак бонги амон бархезад!
Бигзар аз боғи ҷаҳон як саҳар, ай рашки баҳор,
То зи гулзору чаман расми хазон бархезад.
Пушти афлок хамидаст аз ин бори гарон,
Ай сабукрӯҳ, зи ту бори гарон бархезад!
Ман чу аз тири туам, болу паре бахш маро,
Хуш парад тир замоне, ки камон бархезад!
Рама хуфтаст, ҳаме гардад гург аз чапу рост,
Саги мо бонг барорад, ки шубон бархезад!
Ман гумонам, ту аён, пеши ту ман маҳв биҳам,
Чун аён ҷилва кунад чиҳра, гумон бархезад!
Ҳин, Хамуш, дил пинҳон аст куҷо зери забон?!
Ошкоро шавад ин дил, чу забон бархезад!
Ин муҷоботи Муҷир аст дар он қитъа, ки гуфт:
«Бар сари кӯйи ту ақл аз сари ҷон бархезад!».
:: ADVERTISEMENTS ::
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.