Барнаёмад Аз Таманнои Лабат Комам Ҳанӯз,

Барнаёмад аз таманнои лабат комам ҳанӯз,
Бар умеди ҷоми лаълат дурдошомам ҳанӯз.
Рӯзи аввал рафт динам дар сари зулфайни ту,
То чӣ хоҳад шуд дар ин савдо саранҷомам ҳанӯз.
Соқиё, як ҷуръае з-он оби оташгун, ки ман,
Дар миёни пухтагони ишқи ӯ хомам ҳанӯз.
Аз хато гуфтам шабе зулфи туро мушки Хутан,
Мезанад ҳар лаҳза теғи мӯ бар андомам ҳанӯз.
Партави рӯи ту то дар хилватам дид офтоб,
Медавад чун соя ҳар дам бар дару бомам ҳанӯз.
Номи ман рафтаст рӯзе бар лаби ҷонон ба саҳв,
Аҳли дилро бӯи ҷон меояд аз номам ханӯз.
Дар азал додаст моро соқии лаъли лабат,
Ҷуръае ҷоме, ки ман мадҳуши он ҷомам ҳанӯз.
Эй, ки гуфтӣ ҷон бидех, то бошадат ороми ҷон,
Ҷон ба ғамҳоят супурдам, нест оромам ҳанӯз.
Дар қалам овард Ҳофиз қиссаи лаъли лабат,
Оби ҳайвон меравад ҳар дам зи ақломам ҳанӯз.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.