Алминнати Лиллаҳ, Ки Дари Майкада Боз Аст,

Алминнати лиллаҳ, ки дари майкада боз аст,
3-он рӯ, ки маро бар дари ӯ рӯи ниёз аст.
Хумҳо ҳама дар ҷӯшу хурӯшанд зи мастӣ
В-он май, ки дар он ҷост, ҳақиқат, на маҷоз аст.
Аз вай ҳама мастиву ғурур асту такаббур
В-аз мо ҳама бечорагиву аҷзу ниёз аст.
Розе, ки бари ғайр нагуфтему нагӯем,
Бо дӯст бигӯем, ки ӯ маҳрами роз аст.
Шарҳи шикани зулфи хам андар хами ҷонон
Кӯтаҳ натавон кард, ки ин қисса дароз аст.
Бори дили Маҷнуну хами турраи Лайлӣ,
Рухсораи Маҳмуду кафи пои Аёз аст.
Бардӯхтаам дида, чу боз, аз ҳама олам,
То дидаи ман бар рухи зебои ту боз аст.
Дар Каъбаи кӯи ту ҳар он кас, ки биёяд,
Аз Қиблаи абрӯи ту дар айни намоз аст.
Эй маҷлисиён, сӯзи дили Ҳофизи мискин
Аз шамъ бипурсед, ки дар сӯзу гудоз аст.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.