Акси Рӯи Ту Чу Дар Оинаи Ҷом Афтод,

Акси рӯи ту чу дар оинаи ҷом афтод,
Ориф аз хандаи май дар тамаъи хом афтод.
Ҳусни рӯи ту ба як ҷилва, ки дар оина кард,
Ин ҳама нақш дар оинаи авҳом афтод.
Ин ҳама акси маю нақши нигорин, ки намуд,
Як фурӯғи рухи соқист, ки дар ҷом афтод.
Ғайрати ишқ забони ҳама хосон бибурид,
Аз куҷо сирри ғамаш дар даҳани ом афтод?
Ман зи масҷид ба харобот на худ афтодам,
Инам аз аҳди азал ҳосили фарҷом афтод.
Чӣ кунад, к-аз паи даврон наравад, чун паргор
Ҳар кӣ дар доираи гардиши айём афтод.
Дар хами зулфи ту овехт дил аз чоҳи занах,
Оҳ, к-аз чоҳ бурун омаду дар дом афтод.
Он шуд, эй хоҷа, ки дар савмаа бозам бинӣ
Кори мо бо рухи соқиву лаби ҷом афтод.
Зери шамшери ғамаш рақскунон бояд рафт,
К-он, ки шуд куштаи ӯ, нек саранҷом афтод.
Ҳар дамаш бо мани дилсӯхта лутфи дигар аст,
Ин гадо бин, ки чӣ шоистаи инъом афтод.
Сӯфиён ҷумла ҳарифанду назарбоз, вале
3-ин миён Ҳофизи дилсӯхта бадном афтод.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.