Ай Санойӣ Гар Наёбӣ Ёр Ёри Хеш Бош – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ай Санойӣ, гар наёбӣ ёр, ёри хеш бош,
Дар ҷаҳон ҳар марду коре, марди кори хеш бош!
Ҳар яке з-ин корвон мар рахти худро раҳ занад,
Хештанро пас нишону пеши бори хеш бош!
Ҳусни фонӣ медиҳанду ишқи фонӣ мехаранд,
З-ин ду ҷӯйи хушк бигзар, ҷӯйбори хеш бош!
Мекашандат даст-даст ин дӯстон то нестӣ,
Даст дузд аз дасташону дастёри хеш бош!
Ин нигорон нақши пардай он нигорони диланд,
Пардаро бардору даррав, бо нигори хеш бош!
Бо нигори хеш бошу хуби хубандеш бош,
Аз ду олам беш бошу дар диёри хеш бош!
Рав, макун мастӣ аз он хамре, к-аз ӯ зояд ғурур,
Ғурраи он рӯй бину ҳушёри хеш бош!
:: ADVERTISEMENTS ::
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.