Ай Ишқ Ки Ҷумла Аз Ту Шоданд – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ай ишқ, ки ҷумла аз ту шоданд,
В-аз нури ту ошиқон бизоданд!
Ту подшаҳиву ҷумла ушшоқ
Ҳамранги ту подшаҳнажоданд!
Ҳар кас, ки сареву дидае дошт,
Диданд туро, саре ниҳоданд!
Хуршед туйиву зарра аз туст,
В-он нур ба нур боздоданд!
Чун бӯйи инояти ту бошад,
Золон ҳама Рустами ҷаҳонанд!
Чун аз бари ту мадад набошад,
Гар Ҳамзаву Рустаманд, боданд!
Ай дилбар, ҷаҳ, ки моҳрӯён
Аз пардаи ғайб рӯ кушоданд!
Мастанду тариқи хона донанд,
Зеро ки на маст аз фасоданд!
То ишқ зияд, зиянд эшон,
То ёд бувад, ҳама ба ёданд!
:: ADVERTISEMENTS ::
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.