Аз Ҳар Чӣ Меравад Сухани Дӯст Хуштар Аст,

Аз ҳар чӣ меравад сухани дӯст хуштар аст,
Пайғоми ошно нафаси рӯҳпарвар аст.
Ҳаргиз вуҷуди ҳозиру ғойиб шунидаӣ?
Ман дар миёни ҷамъу дилам ҷои дигар аст.
Шоҳид, ки дар миёна бувад, шамъ гӯ: «Бимир!»
В-ар ҳаст, агар чароғ набошад, мунаввар аст.
Абнои рӯзгор ба саҳро раванду бог,
Саҳрою боги зиндадилон кӯи дилбар аст.
Кош он ба хашмрафтаи мо оштикунон
Бозомадӣ, ки дидаи муштоқ бар дар аст!
Ҷоно, дилам чу уд бар оташ бисӯхтй!
В-ин дам, ки мезанам зи гамат дуди миҷмар аст.
Шабҳо, ки бе туам! Шаби гӯр аст дар хаёл!
В-ар бе ту бомдод кунам, рӯзи маҳшар аст!
Гесут анбаринаю гардан – гамом уд,
Маъшуқи хубрӯй чӣ мӯҳтоҷи зевар аст?
Саъдй, хаёли беҳуда бастӣ умеди васл,
Ҳаҷрат бикушту васл ҳанӯзат мусаввар аст.
Зинҳор, аз ин умеди дарозат, ки бар дил аст!
Ҳайҳот, аз ин хаёли маҳолат, ки дар сар аст!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.