Аз Сари Кӯи Ту Ҳар, К-Ӯ Ба Малолат Биравад,

Аз сари кӯи ту ҳар, к-ӯ ба малолат биравад,
Наравад корашу охир ба хиҷолат биравад.
Корвоне, ки бувад бадракааш ҳифзи Худо,
Ба таҷаммул бинишинад, ба ҷалолат биравад.
Солик аз нури ҳидоят бибарад роҳ ба дӯст,
Ки ба ҷое нарасад, гар ба залолат биравад.
Коми худ охири умр аз маю маъшуқ бигир,
Ҳайфи авқот, ки яксар ба батолат биравад,
Эй далели дили гумгашта, Худоро, мададе,
Ки ғариб ар набарад раҳ, ба далолат, биравад.
Ҳукми мастуриву мастӣ ҳама бар хотимат аст,
Кас надонист, ки охир ба чӣ ҳолат биравад.
Ҳофиз, аз чашмаи ҳикмат ба каф овар ҷоме,
Бу, ки аз лавҳи дилат нақши ҷаҳолат биравад.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.