Аз Рақибат Дилам Наёфт Халос,

Аз рақибат дилам наёфт халос,
3-он, ки «Ал-қосу ло юҳиббу-л-қос».
Мӯҳтасиб хум шикасту ман сари ӯ,
Синна би-с-синна ва-л-ҷуруҳу қасос.
Ҳамчу Исост ҷоми май, ки мудом,
Мурдаро зинда мекунад ба хавос.
Мутриби ман, раҳе бизан, ки ба чарх
Муштарӣ Зӯҳраваш шавад раққос,
Гавҳар аз баҳр кай бурун орад,
Тарки сар то намекунад ғаввос.
Нақде аз ишқ ҷӯй, не аз ақл,
То ки холис шавӣ, чу зарри халос.
Ҳофиз аз дил зи мусҳафи рухи дӯст
Хонд Алҳамду сураи Ихлос.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.