Аз Мани Дилшуда Он Ёр Намепурсад Ҳеҷ,

Аз мани дилшуда он ёр намепурсад ҳеҷ,
Хабаре з-ин дили афгор намепурсад ҳеҷ.
Дӣ ба сарманзили ман омаду аҳвол бидид,
Гуфт:—Чун аст туро ёр намепурсад ҳеч?
Гуфтамаш:—Бахти ману толеи шӯридаи ман,
Ҳаста мебинадам он ёр, намепурсад ҳеч.
ӯ табиби ману ман хаставу бемори ғамаш,
Чун табиб аст, ки бемор намепурсад ҳеч?
Ҷонам аз фурқати рӯяш ба лаб омад сад бор,
Ки аз ин дилшуда он ёр намепурсад ҳеҷ.
Дӯш дар хоб рухи чун маҳи ӯ медидам,
Ба ман ӯ гуфт:— Туро ёр намепурсад ҳеч?
Эй табиби азалӣ, як назаре кун моро,
Ҳофизи сӯхтаро ёр намепурсад ҳеҷ.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.