Аз Занг Лашкар Омад Бар Қалби Лашкараш Зан – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Аз Занг лашкар омад, бар қалби лашкараш зан!
Ай сарфароз марде, мардона бар сараш зан!
Чун оташ ор ҳамла, к-ӯ ҳезум аст ҷумла,
Аз оташи дили худ дар хушку дар тараш зан!
Гар баҳр бо ту кӯшад, дар кини ту биҷӯшад,
Оташ кун оби ӯро, дар дурру гавҳараш зан!
Ҳар тир, к-аз ту паррад, ҳафт осмон бидаррад,
Ай қоби қавс, тире бар пушти испараш зан!
Ҳар кас, ки бесар ояд, ту даст бар сараш ниҳ
В-он кас, ки босар ояд, ту захми ханҷараш зан!
Ҷоне, ки барфурӯзад, дар ишқи ту бисӯзад,
Хоҳӣ, ки тоза гардад, дар ҳавзи Кавсараш зан!
Аз лаъли майфурӯшат сармаст кун ҷаҳонро,
Бистон зи Зуҳра чангаш, бар ҷому соғараш зан!
Ай Шамси Ҳаққи Табрез, ҳар кас ки мункир ояд,
Аз ҷазби нури ӣмон дар ҷони кофараш зан!
:: ADVERTISEMENTS ::
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.